"Дар дами марг". Журналистикаи тоҷик чӣ оянда дорад?
     TJ RU EN
01:46 / 2024-12-21

"Дар дами марг". Журналистикаи тоҷик чӣ оянда дорад?

Сарфи назар аз зиёд шудани давраҳои омӯзишӣ ва чорабиниҳои дигар барои рӯзноманигорони тоҷик, вазъи умумии ин соҳа дар Тоҷикистон ғайри қобили таҳаммул баҳогузорӣ мешавад ва ба таваҷҷуҳи бештар ниёз дорад.

Абдулло Ғурбатии 22-сола дар соли сеюми риштаи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб таҳсил мекунад, ки дар баробари таҳсил, ҳамчунин дар давраҳои омӯзишии гуногуне низ ширкат мекунад. То кунун Абдулло дар даҳҳои чунин давраҳои омӯзишӣ ширкат карда, аз натиҷаи онҳо бисёр қаноатманд аст.

"Манфиати чунин тренингҳо бисёр зиёд аст, зеро барономаи таълим дар донишгоҳ комил нест ва маҳоратҳоеро, ки дар ин гуна тренингҳо мешавад омӯхт, фаро намегирад. Барои мисол, сохтани инфографика, кор бо видео, садо, рӯзноманигории онлайн”,-мегӯяд Абдулло. Рӯзноманигори ҷавон боитминон мегӯяд, ки дар баробари корҳои дигар, бо шарофияти ҳамин гуна тренингҳо имкон ёфтааст, ки бо бархе аз расонаҳои Тоҷикистон ҳамкорӣ кунад.

Барои боло бурдани зарфиятҳои касбии рӯзноманигорони тоҷик чанд сол аст, ки созмонҳои байналмилали чун САҲА, Институти инъикоси ҷангу сулҳ, Бунёди Сорос, Комиссияи аврупо ва ғайра талош мекунанд. Ин ниҳодҳо давраҳои омӯзишӣ доир мекунанд, талош менамоянд, ки тавонмандии рушди ҷомеаи шаҳрвандиро боло баранд, тазмини озодии баён ва бозхӯрди байни давлат ва ҷомеаро тавассути боло бурдани зарфиятҳои рӯзноманигорӣ дар Тоҷикистон ба вуҷуд биоваранд. Вале дар ниҳоят таҷриба нишон медиҳад, ки боло бурдани маҳорати рӯзноманигорони ҷудогона ба фазои умумии соҳа таъсири камтаре мерасонад.

Блогнавис ва фаъоли иҷтимоӣ Рустам Гулов, ки худ яке аз мураббиёни чунин давраҳо мебошад, мегӯяд, ки тренингҳо ба таври назаррас сифати кори рӯзноманигорони ҷавонро боло мебаранд. Ба гуфти ӯ, "ин аз шароити боз, аз вазъияти сиёсӣ дар кишвар, сатҳи сонсур ва худсонсур бастагӣ дорад. Ин як мушкили бисёр печида аст, ки ниёз ба як роҳи ҳалли комил дорад. Аз ҷумла, риояи меъёрҳои кафолатдодашуда ва қонунгузорӣ дар соҳаи озодии баён ва фаъолияти озоди рӯзноманигорӣ",- итминон медиҳад Гулов.

Мушкилоти давомдор

Дар мавриди вазъи ногувори расонаҳо дар Тоҷикистон дар ин авохир бисёр гуфта мешавад, аммо бар асоси омор, раванд то ҳанӯз рӯ ба коҳиш аст. Бори аввал соли 2016 дар шохиси ҷаҳонии озодии баён, ки аз сӯйи созмони "Хабарнигорони бидуни марз" таҳия шуда буд, кишвар мақоми худро 34 зина аз даст дод ва миёни 180 кишвар дар ҷойи 150 қарор гирифт.

То кунун Тоҷикистон дар ин раддабандӣ мақоми 149-уми худро ҳифз кардааст. Мувофиқи маълумоти "Маркази мустақили ҳуқуқи башар", дар давоми 10 соли ахир дар Тоҷикистон ҳудуди 20 расона баста шудаанд-аз ҷумла, нашрияҳои мустақиле чун "Суғд", "Факты и комментарии", "Нури зиндагӣ", "Ҷомеа", "Миллат", "Нигоҳ", "Озодагон". Ҳамчунин аз бозори расонаҳо хабаргузориҳое чун TojNews ва "Озодагон" низ берун рафтанд.

Мушкилоти молиявӣ ва набуди рақобат

Хуршед Атовулло, директори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон се мушкили асосиеро ном мебарад, ки садди рушди журналистика дар ҷумҳурӣ шудаанд. Инҳо ба назар ӯ, мушкилоти моливу иқтисодӣ, худсонсурии рӯйида аз қазияҳои судии марбут ба рӯзноманигорон, аз миён рафтани рақобати нашрияҳои мустақил ва ҳамчунин набуди чопхонаи мустақил.

Мушкилоти иқтисодиро рӯзноманигор ба боло рафтани қимати маҳсулот барои чоп зарур, ки аз Русия ворид карда мешаванд, марбут медонад, ки нархи як рӯзномаро то 3 сомонӣ кардааст. "Дар ҳоле, ки метавонӣ ба 3 сомонӣ ду дона нон харӣ, албатта хонанда нонро интихоб мекунад, на газетаро",-мегӯяд Атовулло.

Ба гуфтаи ӯ, пештар вақте нашрияҳое чун "Нигоҳ" ва "Озодагон" вуҷуд доштанд, мешуд рақобатро мушоҳида кард, вале ҳоло вазъ тағйир кард. Ӯ мегӯяд, имрӯз ин ҳафтаномаҳо нестанд ва дигар боқимондаҳо дар зери таъсири бӯҳрон фақат мавҷуд ҳастанд. Яъне, барои бештар кардани хонандаҳои худ, барои ҷалби маблағи иловагӣ барои пешбурди кор, масалан, муассисону сардабирон маблағ ҷудо намекунанд

Хуршеди Атовулло ба ин бовар аст, ки набуди чопхонаи тамоман мустақил ҳам яке аз мушкилот аст, зеро муҳаррирон медонанд, ки як занги мансабдори баландпоя метавонад сабаби чоп нашудани рӯзнома гардад.

Инҳисори сиёсию иқтисодӣ таъсири чашмгире доранд

Барои рушди нашрияҳо вазъи иқтисодӣ дар кишвар ҳам таъсири мустақим мегузорад. Ҳар қадаре, ки сатҳи иқтисод ва тиҷорати миёна боло бошад, ба ҳамон андоза барои ин ё он нашрия фоидаовартар аст. Ба гуфтаи рӯзноманигори тоҷик Марат Мамадшоев, дар Тоҷикистон аз ҳама бештар заъфи бозори реклама ва дар маҷмӯъ худи бозор ба назар мерасад.

"Дар ҳоле, ки расонаҳо умдатан аз ҳисоби реклама пеш мераванд, бозор инҳисорӣ шудааст ва инҳисорталабон ба реклама ниёз надоранд. Ҳамчунин ҳаёти сиёсӣ низ инҳисорӣ шудааст, ки таъсири худро низ дорад. Барои мисол, дар замони корзорҳои интихоботӣ бештари расонаҳо дар ҷаҳон бо нашри барномаҳои пешазинтихоботӣ маблағҳои бисёр хубе ба даст меоваранд ва ғайра. Дар Тоҷикистон чунин як таҷриба нест",- мегӯяд Мамадшоев.

Ӯ ҳамчунин рӯйи фишорҳои хосе болои журналистон таъкид мекунад, ки боиси ба худсонсур рӯй овардани онҳо мегарданд, вале дар шароити муосир бар вазъият бештар мушкилоти иқтисодӣ асрагузор мебошанд.

Дар мавридии дастгирии расонаҳо ва таъмини дастрасии озодона ба иттилоъ дар баробари Қонуни Асосӣ, ҳамчунин дар Консепсияи амнияти иттилоотии Тоҷикистон, ки дар ин санад расонаҳое яке аз василаҳои таъмини амнияти иттилоотӣ донист мешаванд, гуфта шудааст.

Яке аз абзорҳои дастёбӣ ба он, кафолати озодиҳои иттилооти оммавӣ ва набуди сонсур таъкид шудааст. Аммо он чи таҷриба нишон медиҳад, воқеият оне нест, ки дар санадҳо омадааст.

Дурнамои ғайри қобили пешбинӣ

Дар мавриди ин, ки расонаҳо ба пуштибонии давлат ниёз доранд ва набояд ба сифати мухолифи ҳукумат дониста шаванд, матолиби зиёде нашр шудааст. Ҳамчунин ба созмонҳои байналмилалӣ ҳам муроҷиат сурат гирифтааст. То кунун рӯзноманигорон тани танҳо бо мушкилоти худ гирифторанд.

Мусоҳибони Радиои Озодӣ дурнамои рушди расонаҳои Тоҷикистонро дар даҳсолаи наздик бисёр рӯшан намебинанд. Ба ҳамин тартиб, ба гуфтаи Марат Мамадшоев, дурнамои рушд умедворкунанда нахоҳад буд. "Як чанд бозигар дар бозори расонаҳо боқӣ мемонанд, ки эҳтимол барои чанд олигарх кор кунанд, рӯзноманигории мустақил дар кишвар тақрибан боқӣ намемонад",-таъкид мекунад ин коршинос. Ӯ бар ин бовар аст, ки тағйири вазъ дар ин соҳа марбут ба вазъи сиёсиву иқтисодии ҷумҳурӣ хоҳад буд.

Хуршед Атовулло дар навбати худ чунин пешбинӣ надорад ва бар ин назар аст, ки мушкилоти феълӣ дар соҳаи журналистика муваққатиянд баъди чанде аз миён хоҳанд рафт. Ӯ ҳамчунин ба муваффақияти расонаҳои чопӣ дар Тоҷикистон бовар дорад.

"Агар матбуоти чопӣ мемурд, барвақт дар Амрико мемурд. Матбуоти чопӣ барои он зарур аст, ки он чизе ки дар сайтҳои интернетӣ шумо метавонед бо як амали хеле кӯтоҳ маводро нобуд кунед, вале агар ин дар нашрия чоп шуда бошад, вай мемонад, яъне нашрияро нобуд карда намешавад",-таъкид мекунад ин рӯзноманигор.

Дар маҷмӯъ, дар бахши расонаҳо манзараи умумиро таҳаввулоти иқтисодӣ, ки аз онҳо даромади нашрияҳои мустақил вобаста аст ва сиёсат, ки дараҷаи мизони озодии расонаӣ ва таъсири онро ба худи сиёсат таъин мекунад, нишон медиҳад. Аз ин хотир, ояндаи рӯзноманигорӣ дар Тоҷикистон пайванди ногусастание бо бахшҳои ишорашуда дорад.

Дар ҳоли ҳозир, мувофиқи маълумоти "Маркази мустақили ҳуқуқи башар" дар Тоҷикистон 371 рӯзнома, ки 109-тои он давлатӣ, 243 журнал (113 давлатӣ ва 103 ғайридавлатӣ), 11 оҷонсии иттилоотӣ (10 мустақилу як давлатӣ) мавҷуд аст.

https://www.ozodi.org/a/29762009.html


Инҳоро бояд шинохт

  • Восеев Абдуазиз Ганҷович


  • Тақвим

    << < Декабрь 2018 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
              1 2
    3 4 5 6 7 8 9
    10 11 12 13 14 15 16
    17 18 19 20 21 22 23
    24 25 26 27 28 29 30
    31            
     
    Пайвандҳои лозима